Хабарҳо
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд. - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34

Кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

( 0 Овоз )

Санаи 20 майи соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути қатораҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

Кӯмаки дӯстонаро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираҳои моддии Суғд» ба роҳбарияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон тақдим доштанд.

Анвар Яъқубӣ – муовини Раиси вилоят ин иқдоми дӯстонаро баёнгари рӯҳияи баланд ва неки мардуми ду кишвари бо ҳам дӯст ва нишонаи возеҳи шарикии стратегии ин ду кишвар арзёбӣ намуд.

Кӯмаки дӯстона баҳри бартараф намудани оқибати офати табиӣ, ки дар натиҷаи он обанбори Сардобини вилояти Сирдарё канда шуда, хисороти зиёд ба бор оварда буд, равона мегардад.

Мавриди зикр аст, ки кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 51 қатораи боркаш иборат буда, асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дарбар мегирад.

Тазаккур бояд дод, ки чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марбут ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамдардии амиқи мардуми Тоҷикистонро баён дошта буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон