Хабарҳо
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд. - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34

Дар ноҳияи Деваштич Муовини Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода мулоқот анҷом дод

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Деваштич Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ мулоқот анҷом дод.

Нахуст сардухтури беморхонаи марказии ноҳия оид ба пешгирии бемории коронавирус (СОVID-19) маълумоти муфассал ироа намуд.

Зимни мулоқот Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода таъкид намуд, ки бо вуҷуди нисбатан кам будани мубталоёни бемории короновирус дар ноҳия, бояд аз ҷониби масъулини дахлдор оид ба пешгирии бемории короновирус (СОVID-19) корҳои безараргардониро дар тамоми кӯчаю хиёбонҳои ноҳия боз ҳам пурзӯр карда шавад. Имрузҳо аз тарафи Давлату Ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ барои мубориза бо ин беморӣ ҷудо карда шуда, ба беморхонаҳо ва Марказҳои саломатии ноҳия маводҳои зарурӣ харидорӣ карда гардидааст. Ҳамзамон аз ҳисоби ҷавонон, занҳо гурӯҳи корӣ (волонтёр) ташкил карда шуда, ба духтурҳои оилавӣ ёрии амалӣ расонанд ва гардиши хона ба хонаро пурзӯр намоянд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода ва раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода баромад намуданд.

Сипас, гурӯҳи корӣ аз вазъи бунгоҳҳои тиббӣ, Марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои ҳудуди ноҳия дидан намуда, барои боз ҳам ба беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳо доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар тамоми деҳаҳои ҳудуди ноҳия гурӯҳи ихтиёрии маҳаллӣ таъсис дода шуда, гурӯҳҳои мазкур дар даромадгоҳҳои асосии ноҳия ва ҳудуди деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нуқтаҳои дидбонгоҳ ташкил карда шудааст. Гурӯҳи ихтиёрон тозагӣ ва ҳифзи муҳити зистро назорат намуда, ҷиҳати истифодаи ниҷобу дастпӯшакҳо, риояи ҷоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда, безараргардонии нақлиёт ва бо ҳароратсанҷи фосилавӣ (тепловизор) санҷиш гузаронида мешавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Деваштич Муовини Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода мулоқот анҷом дод