Хабарҳо
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят аз рафти кишти картошка боздид намуда бо кишоварзон мулоқот кард - 26.05.2020 19:43
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Деваштич - 26.05.2020 18:45
Раиси вилоят ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 26.05.2020 18:38
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд. - 26.05.2020 18:26
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34

Миннатдории бонувони ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

Бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ободиву сарсабзии диёр, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои кушоду равшан зиндагӣ ва умр ба сар мебарем. Бале, сиёсати хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо занон озодона зиндагонӣ карда, дар ҳама самтҳо фаъолият дорем. Мо бояд ин сиёсатро тарафдорӣ намуда, дар оянда низ худро ҳамчун чароғи хонадон, нерӯи пешбарандаи ҷомеъа ва ҳидоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ нишон диьем.

Арзу сипос ва миннатдории оилаҳои намунавии ноҳияи Аштро ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мерасонем, ки новобаста аз ин вазъияти душвор, ки бар сари мардуми тоҷик омад, оилаҳои намунавии ноҳияро бо номаи шодбошӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд, баён мекунем. Оилаҳои намунавии ноҳия аз ин амали неки муҳтарам Раиси вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки ҳадафи асосии мо ин пеш аз ҳама амалӣ намудани дастури Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорӣ, созандагиву ободкорӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами оиладорӣ, таъмини устувории оила, гиромӣ доштани арзишҳои ваҳдати миллӣ, тарғиби фарҳанги қадимаи тоҷикон, тарбияи ахлоқию маънавӣ, маърифати оиладориву ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Зеро мақому манзалати мо занон дар пешрафту тараққиёти давлату миллат ва тарбияи насли бомаърифат, ободкору ватандӯст, худогоҳу худшинос хеле бузург аст. Бале, оила рукни асосии ҷомеъа буда, инсон дар он тарбия гирифта, ба воя мерасад. Аз ин рӯ, ҷомеаи солим аз оилаи солим манша гирифта, фарди солим ба вуҷуд меояд.

Ҳамчунин муҳтарам Раис Шуморо аз номи кулли бонувони ноҳияи Ашт ҳамчун инсони нексиришт бо Рӯзи байналмилалии олиа самимонаву меҳрона муборакбод намуда, бароятон бо арзу ихлосу муҳаббат, тансиҳатӣ, дили беғам, рӯзгори пурфайзу хонаи обод, умри дароз, ҳаёти зебову оромона ва бахту саодати безавол таманно намуда, дасти дуо мебардорем, ки зудтар ин вабо аз сари мардум дур гардад. Дар охир ба Шумо ваъда медиҳем, ки ҳама якҷоя баҳри ободиву сарсабзии Ватан, таъмини мустаҳкамиву пойдории оилаҳо, тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ҳифзи саломатии худ ва атрофиён саҳмгузор бошем.

Бо эҳтиром ва самимияти афзун

бонувони ноҳияи Ашт







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Миннатдории бонувони ноҳияи Ашт