Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

АРЗИ СИПОСИ ТАБИБОНИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

( 0 Овоз )

Ба шаҳри Гулистон корвони автомошинаҳои кумаки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 6 адад ҷиҳати дастрас намудани доруворӣ ва маводи озуқа баҳри дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии табибон ва ашхоси бемори коронавирус COVID-19 ворид гардид.

Маводҳои зарурии тиббӣ аз ҷумлаи либосҳои муҳофизатӣ-корҷома дар маҷмӯъ респиратор, айнак, бахилаҳо), дорувории зарурӣ ва дигар маводи тиббӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ амсоли орд, биринҷ, сабзӣ, картошка, пиёз ва дигар маводи ниёзи аввал барои кӯмак ба табибон дастрас карда шуд.

Оилаҳои беморон ва табибон кӯмаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ пазируфта, миннатдорӣ ва сипосмандии хешро изҳор намуданд.

Табибони шаҳри Гулистон аз ин иқдом ва дастгирии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардида, масъулияти бар дӯши онҳо бударо ба хубӣ эҳсос намуда, тасмим гирифтанд, ки баҳри пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 дар кишвар ҳамаҷониба тамоми донишу малака ва саъю кӯшиши хешро равон намоянд ва минбаъд ҳам бо касби хеш ба аҳолӣ содиқона хизмат мекунанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд АРЗИ СИПОСИ ТАБИБОНИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ