Ҷамъоварии пахта дар вилоят идома дорад. То имрӯз ба хирман 20537 тонна "тиллои сафед" супорида шуд

( 0 Овоз )

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дошта, то санаи 23 сентябр 20537 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба 15,9 фоизи нақша баробар мебошад.

Тибқи маълумоти фаврӣ то санаи зикршуда пахтакорон дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров 2165 тонна, Ашт 1792 тонна, Ҷаббор Расулов 1688 тонна, Зафаробод 3053 тонна, Конибодом 4441 тонна, Мастчоҳ 4926 тонна ва Спитамен 2472 тонна пахта чида, ба хирман супоридаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон дар вилоят дар 58 ҳазору 454 гектар пахта кишт шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ дар назар аст, ки имсол наздик 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад. Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта бошад Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дода шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share