Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Маросими баистифодадиҳии хати оби нўшокии Майдонча-Варсиқ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан ​

( 0 Овоз )

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Варсиқи Ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан маросими баистифодадиҳии хати оби нўшокӣ баргузор гардид.

Дарозии хати оби нўшокӣ, ки аз деҳаи Майдонча ба деҳаи Варсиқ кашида шудааст, 3,9 километрро ташкил медиҳад. Барои иҷрои корҳо аз тарафи аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 250​ 000 сомонӣ маблағ сарф гардида, ​ тавассути лулаҳои обгузари қутрашон 125 мм ба деҳаи Варсиқ оби нӯшокӣ оварда шудааст.

Деҳаи Варсиқи Ҷамоати деҳоти Чорбоғ дорои 625 хоҷагӣ ва 3570 нафар аҳолӣ буда, бо ифтитоҳи хатти мазкур мушкили норасоии оби нӯшокӣ бартараф карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими баистифодадиҳии хати оби нўшокӣ ташаббуси созандаи сокинонро барои ҳалли масъалаи муҳими иҷтимоӣ шоистаи пайравӣ унвон кард. Таъкид карда шуд, ки маҳз иқдому ташаббусҳои созандаи сокинон барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мусоидат менамояд ва дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” масъалаҳои муҳими деҳоти вилоят ҳал мегардад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маросими баистифодадиҳии хати оби нўшокии Майдонча-Варсиқ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан ​