Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

( 0 Овоз )

5 сентябр сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд.

Чорабинии идонаи сокинони Хуҷандшаҳр дар толори Кохи «Суғдиён» сурат гирифт ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода солгарди навбатии Истиқлолияти давлатиро табрик гуфт. Таъкид гардид, ки дастоварди бузургтарини Истиқлолият барои мардуми тоҷик давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебошад, ки ин ҳама бо азму ирода ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Сипас, паёми табрикотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба самъи фаъолони шаҳри Хуҷанд расонд.

Ҳамзамон муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ номаи тарбикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.

Сипас, барномаи фарҳангии тараннумгари ормонҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share