Конибодом. Баргузории вохӯриву мулоқот ва конфронсу суҳбатҳо бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Дар арафаи таҷлили солгарди 28-умини ҷашни Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳо ва коргоҳҳои шаҳри Конибодом баргузории вохӯриву мулоқот ва конфронсу суҳбатҳо идома дорад.

Аз ҷумла чанде пеш дар бинои Раёсати молия бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, раёсати молия ва кишоварзӣ мулоқот доир шуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Парвина Абдуллоева паёми табрикии раиси шаҳрро ба самъи ҳозирин расонида, аз гаронбаҳотарин неъмати таърих ва арзишмандтарин муқаддасот будани Истиқлолият, давраҳои таърихии Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфт.

Намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Баҳодурҷон Маҳмудов зимни суханрониаш оид ба хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳарф зада, ба шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо даъват кард.

Сипас, сардори раёсати кишоварзӣ Ҳусейнбой Латифов аз дастовардҳои халқи тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share