Хабарҳо
Суғд: Ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид - 15.07.2020 11:16
Ташкили 48 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 650 ҷойи корӣ дар Суғд - 15.07.2020 11:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони гармхонаи интенсивӣ ва корхонаҳои нави саноатӣ

( 0 Овоз )

Чанде пеш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни сохтмони гармхонаи интенсивӣ шинос гардид.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии гармхонаи замонавии бо усули гидропоникӣ бунёдшаванда моҳи январи соли равон оғоз ёфта буд. Гармхонаи типи нав бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров дар масоҳати 2 гектар ва бо истифода аз таҷҳизоти навтарин сохта шуда, барои иҷрои корҳо мутахассисони  Кореяи ҷанубӣ ҷалб гардидаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки мутахассисони вилояти Суғд бо таҷрибаи гармхонае, ки бо усули гидропоникӣ ва аз тарафи мутахассисони кореягӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд гардидааст, шинос гардида буданд. Пас аз он мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба вилоят даъват гардиданд ва охири соли 2018 миёни роҳбарияти ширкатҳои “Барс”-и Тоҷикистон ва "Мён Сунг"-и Кореяи ҷанубӣ дар самти бунёди гармхонаи муосир бо усули гидропоникӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда буд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо рафти корҳо иқдоми соҳибкорро дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Сипас, Раиси вилоят ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, бо рафти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ шиносоӣ пайдо кард.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 26 субъект ба қайд гирифта шуда, мувофиқи ҳисоботи охирин 13 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо, боқимонда бо корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, ворид намудани таҷҳизот ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав машғуланд.

Соли равон дар минтақаи озоди иқтисодӣ ду субъекти нав – ҶДММ «Корхонаи муштараки тоҷикӣ - туркии «Афранг Пластик» ва филиали ширкати канадагии «Хантана Канада» ба қайд гирифта шуда, сохтмону муҷаҳҳазгардонии корхонаҳои нав бо маром идома дорад.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Корхонаи муштараки тоҷикӣ - туркии «Афранг Пластик» тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ бо истеҳсоли профилҳои пластикии дару тирезаҳо машғул шуда, 30 ҷойи нави корӣ ташкил менамояд. Ширкати канадагии «Хантана» бошад бо ҷалби 20 нафар коргари маҳаллӣ бо коркард, басту банд ва содироти асал машғул хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздид бо ёдоварӣ аз ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳбарияти корхонаҳо ҷиҳати таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, зиёд намудани содироти маҳсулот ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ банду баст намудани асал тавсияҳои муфид дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони гармхонаи интенсивӣ ва корхонаҳои нави саноатӣ