Дар ноҳияи Ашт машварати августии омӯзгорон баргузор гардид

( 0 Овоз )

26-уми августи соли равон дар ноҳияи Ашт машварати августии омӯзгорон баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зимни иштирок ва суханронӣ дар машварати августии омӯзгорон зикр дошт, ки дар ноҳия барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки агар соли таҳсили 2018-2019 эҳтиёҷи муассисаҳои таълимии ноҳия ба кадрҳои омӯзгорӣ 37 нафар бошад, пас ин рақам дар соли хониши 2019-2020 21 нафарро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1529 нафар барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ ва касбии кишвар ҳуҷҷат супориданд ва 1373 нафар ба донишгоҳҳои олии ҷуҳурӣ, вилоят ва хориҷи кишвар дохил шуданд.

Дар соли хониши нав дар муассисаҳои таълимии ноҳия 58 адад озмоишгоҳи фанни химия ва биология, 57 адад озмоишгоҳи фанни физика амал менамоянд. Инчунин, 48 кабинети фанни физика, 45 кабинети фанни химия, 69 кабинети алоҳидаи технологияи иттилоотӣ омодаи кор мебошанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share