Хабарҳо
Соҳибкор Фаррух Амонов дар дурдасттарин деҳаи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави таълимӣ бунёд кард - 01.12.2020 14:07
Дар шаҳри Гулистон тавассути ҳашар 1000 бех ниҳолҳои ороишиву бисёрсола шинонида шуд - 01.12.2020 13:28
Дар ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишӣ бунёд гардид - 01.12.2020 13:20
Хуҷанд. Бахшида ба 55 солагии фаъолияти эҷодии нависанда Маъруф Бобоҷон маҳфил доир шуд - 01.12.2020 13:13
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» - 30.11.2020 14:30
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 28.11.2020 09:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот намуданд - 26.11.2020 11:58
Дар Истаравшан бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 мавриди истифода қарор гирифт - 26.11.2020 11:37
Оғози маъракаи иттилоотии «16 рӯз мубориза алайҳи хушунат» - 26.11.2020 11:31
Дар Ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд - 26.11.2020 11:10

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд

( 0 Овоз )

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд Боғчаи бачагонаи рақами 3-ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати умумии 1 га бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.

Боғчаи бачагонаи “Ғунчаи Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, имкон дорад 200 кудакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактаби акнун 40 нафар, имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ, ба тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул шаванд.

Боғчаи бачагон дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеъи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори калон барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока барои сабзавоту ғалладона мебошад. Инчунин дар саҳни ҳавлии бинои мазкур, шаш айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст.

Дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, дар бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ ва шароити муассиса баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи навбунёдро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат, арзёбӣ карда, ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат тарбиятдиҳандагонро барои тарбияи кудакон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд