Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди истифода қарор доданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамзамон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки  бинои нави шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ  ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудратчии асосии иншоот  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Шаҳриёр-93” мебошад.

Корҳои сохтмонӣ  дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар  муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ва тарҳи  муосир бунёд карда шудаанд ва  дар  корҳои сохтмони  бинои нав  30 нафар сокинони маҳалӣ бо кор таъмин гардида буданд.

Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин барои таъмин намудани кормандони ин ниҳод бо манзил дар бино хобгоҳ бунёд карда шудааст. Саҳни бино пурра ҷароғон ва  роҳравҳои   атрофи  он пурра  сафолакпӯш карда шудаанд.

Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  шиносоӣ аз утоқҳои корӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд  дода, онҳоро барои  хизмати софдилона ба нафъи давлату  миллат  ҳидоят намуданд.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки баъди ба истифода додани бинои нави Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои кормандон  шароити мусоиди корӣ  ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share