Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 1000 нафар омӯзгорон машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Дар синфхонаҳои алоҳида бо ҳузури муаллимони тахассусӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, математика, таърих ва ҳуқуқ, забони англисӣ, химия, биология, экология, география, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, технологияи иттилоотӣ ва ғайра бо назардошти мавзуъҳои тавсияшудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаю эҷодкор машғулиятҳо гузарониа шуданд.

Дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд ба нақл аз намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъкид кард, ки ҳадафи ташкили чунин машғулиятҳо такмили маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф, омӯзиш, тарғиб ва истифодаи таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, ҷалби омӯзгорон ба корҳои илмӣ-методӣ ва ширкати онҳо дар озмоишҳои педагогӣ мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҷараёни машғулият омӯзгорон барнома ва нақшаҳои таълимиро низ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share