Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид

( 0 Овоз )

15 август дар қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.​

Нахуст намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мавзуна Хоҷаева номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи тиб ба самъи иштирокдорон расонид.​

Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода табибонро бо иди касбиашон табрик гуфта, иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи хизматрасонии тиббӣ сол аз сол беҳтар гардида истодааст.​

Дар ин рӯз ба як қатор кормандони пешсафи соҳаи тиб сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.​ Барномаи рангини аҳли фарҳанги шаҳру вилоят ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share