Моҳи сентябр Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” доир мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили 85-солагии аз чоп баромадани нахустшумораи рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” моҳи сентябри соли равон дар маркази вилоят Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” (Международный музыкальний фестиваль дружбы “Согдийский дастархан”) гузаронида мешавад.

Фестивали мазкур бо мақсади таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи минбаъдаи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав доир хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки дар фестивал ҳунармандони соҳаи эстрада, бахусус ҷавонон, ҳамчунин санъаткорон – меҳмонон аз давлатҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин иштирок намоянд.

Ба ғолибону иштирокчиёни Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” аз тарафи кумитаи тадорукот Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share