Миёни донишҷӯён озмуни таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади муаррифии имконияту иқтидори сайёҳӣ ва мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят озмуни таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ гузаронида мешавад.

Довталабон метавонанд бизнес-нақшаҳои соҳибкории худро барои ширкат дар озмун бо ишораи “Барои озмун” тавассути почтаи электронии  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript  ирсол намуда, барои дарёфти маълумоти бештар ба рақамҳои (83422) 4-68-04, 4-68-05, 4-68-06 тамос бигиранд.

Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, аз ҷумла маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 3 000 сомонӣ (ҷойи якум), 2 000 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 1000 сомонӣ (ҷойи сеюм) сарфароз гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share