Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад

( 0 Овоз )

21-22-юми июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон: таърих ва замони муосир” доир мегардад.

Дар назар аст, ки дар конфронс намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои хориҷӣ, ҷамъияти ӯзбекон, муҳаққиқону донишмандони марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намоянд.

Конфронс 21-уми июн, соати 9:00 дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ифтитоҳ гашта, зербахшҳои он дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷараён мегирад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share