Хабарҳо
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 12.08.2020 09:45
Ҳадаф: Беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия - 12.08.2020 09:50
Ғолибияти хонандагони макотиби вилояти Суғд дар озмуни​ фосилавии "Тозагӣ —​ гарави саломатӣ" - 12.08.2020 08:12
Хуҷанд. Тақвияти корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ баҳри пешгирии бемории коронавирус - 11.08.2020 11:47
Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар вилояти Суғд - 11.08.2020 08:38

Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

Дар чаҳорчуби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 июн дар шаҳри Бўстон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ду майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Яке аз ин майдончаҳо дар кӯчаи ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳр воқеъ буда, он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тоҳиров Фирўз бо харҷи 470 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Масоҳати майдончаи варзишӣ, ки барои бозии футболи​ хурд мутобиқ гардонида шудааст, 1530 метри мураббаъро дар бар мегирад ва он дорои утоқи либосивазкунӣ, мағозаи фурўши лавозимоти варзишӣ ва нўшокиҳои ташнашикан мебошад.

Майдончаи дигари варзишӣ дар ҳудуди Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бунёд гардидааст. Ин иншооти варзишӣ бо маблағгузорӣ аз суратҳисоби махсуси муассисаи таълимӣ бо харҷи беш аз 646 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои варзишӣ аз рафти бунёдкориҳо дар вилоят ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2021 дар вилоят даҳҳо иншооти варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Гуфта шуд, ки варзиш дар ҳама давру замон воситаи беҳтарини муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҷавонони моро зарур аст, ки бо истифода аз имконоти фароҳамгардида баҳри рушди соҳа саҳми сазовор гузоранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи ду майдончаи варзишӣ дар шаҳри Бӯстон