"Ваҳдат – сарчашмаи фардои неки ҷомеа”.​ 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад

( 0 Овоз )

27 июни соли 2019 дар вилояти Суғд Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 июни соли 2019, №277 ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тасдиқ гардидааст.

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташкили суҳбату мулоқотҳои гуногун, семинару маҳфилҳои шеъру суруд, озмуни беҳтарин шеър дар васфи Ваҳдати миллӣ, гузаронидани маҳфили “Адибони ваҳдатсаро”, конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи “Ваҳдат – сарчашмаи фардои неки ҷомеа”, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share