Хуҷанд. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» 600 нафар иштирок карданд

( 2 Овоз )

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумӣ баргузор ва ғолибон муайян гардиданд.

17 нафар ғолибон, соҳибони шоҳҷоизаҳои макотиби шаҳр дар озмуни ниҳоии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» байни муҳассилини макотиби миёнаи умумӣ дониши хешро дар назди доварон санҷиданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот Шоҳҷоиза насиби Фирӯза Шарипова, хонандаи синфи 10-и МТМУ №10 гардид. Барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо маблағи пулии шуъбаи маориф сарфароз гардонида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар маҷмуъ аз макотиби шаҳри Хуҷанд беш аз 600 нафар фаъолона иштирок намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share