Хабарҳо
Шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи навтаъсиси “Косибон” - 02.07.2020 16:27
Боздид аз корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ «Муқим - 2016» - 02.07.2020 15:16
Гузаргоҳи зеризаминии мавзеъи бозори "Панҷшанбе" мавриди истифода қарор гирифт - 02.07.2020 13:15
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз майдони парвариши қаламфури булғорӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Нарзулло»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан намуданд - 02.07.2020 11:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи мавсимии банду басти пиёз дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардиданд - 02.07.2020 11:09
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Холмамат»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд - 02.07.2020 11:04
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 02.07.2020 11:03
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо нашъунамои ниҳолҳои пахта дар Кооперативи тиҷоратии ба номи «Ҷаббор Расулов» шинос шуданд - 02.07.2020 11:01
Фермаи моли калони шохдори ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 30.06.2020 17:14

Оғози сохтмони бинои нави таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Устодону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби бинои нави таълимӣ мегарданд.

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии бинои нави муассисаи таълимӣ санги асос гузошта шуд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон дар саросари вилоят корҳои ободонӣ ҷараён дорад. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бошад мактабҳои садамавӣ бартараф ва даҳҳо иншооти соҳаи маориф бунёду ба истифода дода хоҳад шуд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ аз зумраи чунин иншоотест, ки бо тамоми шароити зарурӣ сохта мешавад. Бинои мазкур барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 12 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ «Нарзулло-2008» ба анҷом мерасонанд.

Ба иттилои масъулин айни замон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 се ҳазор хонанда дар се баст таҳсил доранд. Аз ин лиҳоз, зарурати сохтмони бинои иловагӣ пеш омадааст.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят дастур дод, ки сифати корҳои сохтмониро мунтазам назорат намоянд.

Ҳамзамон барои ҳарчӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон ба боғча дар ҷамоат сохтмони як кӯдакистон низ ба нақша гирифта шуд. Тибқи дастури роҳбари вилоят лоиҳаи иншоот омода гардида, дар ояндаи наздик бунёди кӯдакистон низ оғоз меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози сохтмони бинои нави таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров