Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Баргузории конференсияи байналмилалии «Робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо»

( 2 Овоз )

Рӯзи 30 майи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявии «Робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ:  ҳолат ва дурнамо» ба кори худ оғоз кард.

Дар кори конференсия намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ташкилотҳои байналмилалӣ, коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои  илмӣ ва таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ӯзбекистон,  Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, консули генералии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд  иштирок доштанд.

Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Сергеевич, намояндаи вилояти Оши Қирғизистон дар вилояти Суғд Аскаралӣ Мирахмедов, консули генералии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Малик Адилхан, директори Институти муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи федералии Қазон Рамил Хайрутдинов, профессори кафедраи экспертизаи иқтисодӣ ва мониторинги молиявии Донишгоҳи технологии Русия Манон Хусаинов, муовинони ректори ДДҲБСТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов,  оид ба илм ва инноватсия Турақул Ризоқулов маърўза намуданд.

Нимаи дуюми рўз,  кори конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявии «Робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ:  ҳолат ва дурнамо» дар бахшҳо идома ёфта, дар чор бахш зиёда аз 100 маърўза пешниҳод ва муҳокима гардид.

Вобаста ба самтҳои кори конференсия дар гузоришоти илмии маърўзачиён ҷабҳаҳои танзими ҳуқуқии равандҳои муҳоҷират дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, роҳҳои замонавии танзими ҳуқуқии равандҳои муҳоҷират дар давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон,  мушкилоти амнияти минтақавӣ,  масъалаи ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ғайра мавриди таҳқиқ қарор гирифта, хулоса ва тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конференсияи байналмилалии «Робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамо»