ҒАЛАБА МУБОРАК! Хонандагони мактабҳои вилоят дар Олимпиадаи байналмилалӣ ҷойи аввалро соҳиб шуданд

( 0 Овоз )

21 нафар хонандагони лаёқатманд аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон дар Олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал шуданд.

Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва биология рӯзҳои 19-26 майи соли равон дар шаҳри Ноидаи кишвари Ҳиндустон баргузор гардид.

Миёни 460 нафар хонандагон аз 16 кишвари ҷаҳон дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро хонандагони вилояти Суғд муаррифӣ намуданд, бо гирифтани 15 ҷойи ифтихорӣ,  аз ҷумла 4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share