Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

22 май дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабиниҳои идона баргузор шуд.

Нахуст таҳти унвони “Ҷавонон -пайрави Пешвои миллат” роҳпаймоӣ доир гардид, ки дар он гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи раиси шаҳри Бӯстон, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявию вилоятӣ, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун ширкат намуданд. Роҳпаймоӣ тариқи кӯчаҳои марказии шаҳр ҷараён гирифта, то назди майдони Нишоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон идома ёфт.

Сипас, дар майдони майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки роҳбарияти шаҳр, ҷавонон ва сокинон чорабинии бошукуҳ доир гардид.

Дар чорабинӣ нахуст сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонид.

Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода кулли ҷавонон ва ҳамшаҳриёнро ба ин санаи хотирмон таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандӣ ва муваффақиятҳо таманно намуд. Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии шаҳри Бӯстон дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри дастгирии давлатии ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоиди кору зиндагӣ, таълиму тарбия ва касбу ҳунаромӯзии насли шоистаи замон кӯшишҳои судмандро равона намуда истодааст.

Сипас, барномаи рангини консертӣ  манзури иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон