Суғд: Озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” доир мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» моҳи июни соли равон дар вилояти Суғд озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати ҳунармандони мардумӣ ва муаррифии маҳсулоти онҳо доир хоҳад шуд.

Даври якуми озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюми он дар маркази вилоят сурат мегирад. Ба 12 нафар ғолибони озмун дар бахшҳои кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ дар маҷмуъ 24​ 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share