Дар Хуҷанд озмуни «Армуғони беҳтарин барои сайёҳон» гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷонибдорӣ намуда, дар доираи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар шаҳри Хуҷанд, озмуни шаҳрии «Армуғони беҳтарин барои сайёҳон»-ро эълон менамояд.

Дар озмун ҳунармандоне, ки бо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ машғуланд ширкат карда метавонанд. Маҳсулоти пешниҳодшуда бояд таъриху фарҳанги бойи шаҳри Хуҷандро таҷассум намуда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро ифода кунад.

Муҳлати қабули мавод то 1 ноябри соли 2019 сурат мегирад. Хоҳишмандон тариқи телефони (83422) 4-67-34, 4-67-35,

4-67-36 метавонанд маълумоти муфассал гиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share