Роҳи кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят то 25 метр васеъ карда мешавад

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд роҳи кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят васеъ гардонида мешавад.

17 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи мазкур бо лоиҳаи васеъсозии роҳ шинос гардид. Тибқи лоиҳа ин роҳ аз чорроҳаи хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ то гардишгоҳи кӯчаи Пахтакори шаҳр бо паҳноии то 25 метр васеъ гардида, ба таври замонавӣ чароғон хоҳад шуд.

Ҳангоми васеъсозии роҳ, ки дар асоси нақшаи генералӣ амалӣ мегардад, иншоотҳое, ки дар сари роҳ қарор доранд, бартараф карда мешаванд. Бо назардошти зарурат барои сокиноне, ки дар ду канори роҳи кунунӣ истиқомат доранд, хонаҳои баландошёна сохта шуда истодааст.

Чуноне иттилоъ дода шуд, тибқи нақша ҳамзамон васеъкунии кӯчаи Гагарини шаҳр низ ба назар гирифта шуда, дар ду самти кӯча бунёди хонаҳои истиқоматии баландоёшна ва марказҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share