Ашт. Мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод ҷамъбаст шуд

( 0 Овоз )

16 май дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт маросими ҷамъбастии мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони соли таваллудашон 2002-2004 баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баҳри дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд гузаронида шуд, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов, собиқадорони соҳаи варзиш, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва варзишгарон аз манотиқи кишвар иштирок намуданд.

Тибқи иттилои Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мақсад аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи намуди варзиши гӯштини тарзи озод дар вилоят, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби вилояти Суғд оид ба гуштини тарзи озод мебошад.

Дар охир ба ғолибон Ҷоми Раиси вилояти Суғд диплом, медал ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share