Хабарҳо
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд - 04.07.2020 14:41
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05

Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни“Фурӯғи субҳи доноӣ...” бошад 15 000 сомонӣ тақдим хоҳад шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 ва ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони вилоят даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида, дар асоси он низомнома, кумитаи ташкилӣ, ҳайати ҳакамон ва номинатсияҳои даври вилоятии озмун тасдиқ гардидааст.

Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти классики тоҷик”, “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти муосири тоҷик”, “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик”, “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” гузаронида шуда, ба гирандагони ҷойҳои ифтихории ҳар номинатсия мутаносибан 10 000 сомонӣ, 7 000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Ба барандаи Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бошад 15 000 сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмуни“Фурӯғи субҳи доноӣ...” бошад 15 000 сомонӣ тақдим хоҳад шуд