Боздиди як гуруҳ фаъолони ВМКБ аз ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Чанде қабл як гурӯҳ намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғи ВМКБ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.

Меҳмононро роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ истиқбол гирифт ва фаъолони ВМКБ тӯли чанд рӯз бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия шинос гардиданд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ҳайати меҳмонон ҳамзамон бо фаъолияти кории раисони маҳаллаҳо ва нозирони минтақавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ошноӣ пайдо намуда, бо тассуроти хотирмон ба ВМКБ баргаштанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share