Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Гулистон чорабинӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила дар Боғи навбунёди “Зардолузор”-и шаҳри Гулистон бо иштироки 8 оилаи барӯманд чорабинии хотирмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур оилаҳои собиқаи беш аз 40 сола дошта инчунин навхонадорон иштирок намуданд.

Оилаи Абдуллоевҳо, Мамадҷоновҳо, Мирзоқуловҳо ҳарсе аз Гулистон, Бобоҷоновҳо аз Адрасмон, Султоновҳо аз шаҳраки Чоруқдаррон, Юлдошевҳо аз Сирдарё ва Иноятовҳо аз Зарнисор ва Шарофиддиновҳо аз Навгарзан доир ба омилҳои субот ва устувории оила, раванди таълиму тарбия дар оила, буҷети оила ва монанди ин мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки оила асоси пояи ҳар давлату миллат буда, адабгоҳ, мактаби ҷовидони тарбияи шахсиятҳои бузург, ватандӯсту ватансоз ва ватандорони бонанг аст.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро манзури иштирокчиёни чорабинӣ намуда, дар интиҳо барои иштирок ба оилаҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share