Ҷоми Кумитаи иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи маорифи вилоят насиби дастаи Донишкадаи политехникӣ шуд

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи маорифи вилояти Суғд байни омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят мусобиқа оид ба футболи хурд доир гардид.

Давоми як ҳафта дастаҳои мунтахаби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии ДТТ, Донишкадаи иқтисод ва савдои  ДТТ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Ҷоми Кумитаи иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи маорифталош варзиданд.

Аз рӯи нишондоди холҳо ва таносуби голҳои задашуда дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал ва соҳиби Ҷом гардид.

Зинаҳои дуюму сеюмро  футболбозони дастаи  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба даст оварданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share