Ду театри вилояти Суғд дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

( 0 Овоз )

Дирӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» ҷамъбаст гардид ва ду театри вилояти Суғд мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Тибқи иттилои АМИТ Ховар Шоҳҷоизаи озмун насиби  Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои  спектакли «Фирдавсӣ»  гардид. Намоишномаро коргардон Султон Усмонов аз рӯи романи «Фирдавсӣ»-и нависандаи шинохтаи тоҷик Сотим Улуғзода таҳия кардааст.

Дар фестивал-озмун Театри  мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом  барои  спектакли  «Қорӣ Ишкамба»  аз рўи асари Садриддин Айнӣ дар таҳияи Музаффар Муҳиддин сазовори ҷойи якум ва Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд барои  спектакли  «Пораи дили модар» аз рӯи пйесаи  Ҳалим Шариф дар таҳияи Эҳсон Ҳомидов сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати  театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share