Машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Баҳри муайян намудани сатҳи омодагии қувва, воситаҳои мудофиаи гражданӣ ва омода намудани ҳайати роҳбарикунанда ва аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода рӯзҳои 18-20 аперли соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода гузаронида мешавад.

Ба машқҳо Комиссияи ҳудуди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулода, раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, зернизоми вазифавии зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон, комиссияҳои ҳудудии шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот ва кумитаҳои маҳаллаи шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ҷалб карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share