Хабарҳо
Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 22.04.2021 19:05
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - 22.04.2021 17:19
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард - 22.04.2021 11:24
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07

Нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2013

( 0 Овоз )

Нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2013Дирӯз дар толори хурди Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи аввалини Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли равон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шӯрои ҷамъиятии вилоят, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуд. Пасон дар рафти ҷаласа ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар вилояти Суғд  ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятии вилоят қабул карда шуд.

«Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013-ум» муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов гузориш дод.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Саидбой Зокиров, раиси созмони вилоятии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Дилбар Самадова, раиси бахши вилоятии ҳизби демократии Тоҷикистон Файзуллоҷон Файзиев, муовини аввали раиси ҳаракати ҷамъиятии ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон

дар вилояти Суғд, профессор Атохон Сайфуллоев, раиси бахши вилояти суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раиси  ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» Биҳоҷал Раҳимова,  раиси Шӯрои машваратии иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилоят Шуҷоат Ҳасанова,   раиси ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар вилояти Суғд Дмитрий Прудских ва дигарон дар бораи фаъолияти яксолаи Шӯрои ҷамъиятии вилоят сухан гуфта, онро қаноатбахш баҳогузорӣ карданд.

Нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2013

Раиси Шӯрои ҷамъиятии вилоят Қоҳир Расулзода барои кори пурсамарашон  ба аъзои Шӯро, роҳбарияти ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сипос гуфта,  дар бораи вазифаҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли 2013-ум - соли пур аз воқеаҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ сухан кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2013