Хабарҳо
Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 22.04.2021 19:05
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - 22.04.2021 17:19
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард - 22.04.2021 11:24
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07

Боздиди Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии Мастчоҳ

( 0 Овоз )

БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА  АЗ   ПОЙГОҲҲОИ  ОБКАШИИ МАСТЧОҲ

Видео :: Боздиди Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии Мастчоҳ
Дар  нимаи аввали рӯзи сешанбе Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади омӯзиши омодагии пойгоҳҳои обкашии ноҳия ба мавсими нави обёрӣ сафари корӣ анҷом дод. Зимни боздид Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии "Диларзин-1", "Дилварзин -2" ва "Янтоқ-1" дидан кард.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Мастчоҳ аз минтақаҳои асосии кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, рушди ин соҳа бахусус аз фаъолияти мӯътадили пойгоҳҳои обкашӣ вобаста аст. Дар ноҳия 17 пойгоҳ  бо 63 насоси   обкашӣ  мавҷуд аст, ки тавассути онҳо зиёда аз 26 ҳазор  гектар замин обёрӣ мешавад.

Зимни боздид аз пойгоҳҳои обкашии "Дилварзин-1", "Дилварзин -2" ва "Янтоқ-1"  Қоҳир Расулзода аз вазъи умумии корҳои омодагӣ огаҳи пайдо карда,  таваҷҷӯҳи мутасаддиёни соҳаро ба таъмири босифати насосҳо ҷалб намуд.

Бино ба иттилои онҳо айни ҳол аз 5 муҳаррики пойгоҳи обкашии "Дилварзин-1" 3 адад, аз 11 муҳаррики пойгоҳи обкашии "Дилварзин-2" 5 адад ва аз 11 пойгоҳи  обкашии "Янтоқ-1" 4 адад барои фаъолият дар мавсими нав омода шудаанд.  Аз 176  чоҳи амудӣ, ки дар ихтиёри идораи хоҷагии оби ноҳия мебошад, 65- тояш ба мавсими обёрӣ тайёр аст.

Раиси вилоят худи ҳамин рӯз бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарону мутахассисони соҳаи хоҷагии об ва мелиоратсия, инчунин  фаъолони ноҳия ситоди корӣ гузаронд. Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки масъалаи таъмини об  барои ноҳияи Мастчоҳ  муҳим  аст ва ҳалли он бояд ба сатҳи ниҳоӣ расонда шавад. Дар ин замина дастур дода шуд, ки ҳар ҳафта дар ноҳия ситоди корӣ баргузор карда, масъалаи омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав зери назорати қатъӣ  қарор гирад. Муаммои дигаре, ки ба фаъолияти босифати идораи хоҷагии оби ноҳия халал мерасонад, сари вақт напардохтани ҳаққи хизматрасонии об аз ҷониби истифодабарандагон аст.

Қоҳир Расулзода мутасаддиён, аз ҷумла, раиси ноҳияи Мастчоҳ Мирзоаҳмад Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят Мубинҷон Қайюмов ва Аҳмадҷон Қобилов, раиси Кумитаи заминсозии вилоят Орифҷон Хоҷаев ва ҳамчунин роҳбарони идораҳои хоҷагии оби вилояту ноҳияро мавриди пурсиш қарор дод.

Соли гузашта 3 миллион сомонӣ аз тарафи вазорати мелоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва 100 хазор сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмир ва тармири пойгоҳҳои обкашии ноҳия ҷудо шуд. Ҳамчунин ба хотири тезонидани раванди таъмир ва таъмини босифати он Қоҳир Расулзода дастур дод, ки аз буҷети вилоят барои идораи хоҷагии оби ноҳия  200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад.

Дар ситоди корӣ Раиси вилоят масъалаҳои дигари кишоварзиро низ мавриди баррасӣ қарор дод.  Аз ҷумла, ба рафти шудгор дар заминҳои обӣ эрод гирифта шуд.

Раиси вилоят  таваҷҷӯҳи роҳбарияти ноҳияро ба масъалаи бунёди боғу токзор ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷалб намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилоят Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Қоҳир Расулзода аз пойгоҳҳои обкашии Мастчоҳ