Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи Бонки авруосиёии рушд

( 0 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи Бонки Авруосиёии рушд

Видео :: Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи Бонки авруосиёии рушд
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода муовини раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Канат Досмухамедовро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин мулоқот сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи кунунӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса вилояти Суғд, ки  аз ҷониби Бонки авруосиёии рушд маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилоят ба ҷараёни ҳамкориҳои тарафайн баҳои мусбат дода, онро самарабахш арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки ба фаъолият шурӯъ намудани яке аз корхонаи бузурги саноатии вилоят Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Олимтекстайл» маҳз бо дастгирии молиявии бонки Авруосиёи рушд амалӣ гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тирамоҳи соли  2009, ҳамагӣ баъд чанд моҳи шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати иштирокдорони бонки Авруосиёи рушд, бонки мазкур дар кишвар ташкил кардани корхонаи истеҳсоли нахи пахтаи аълосифатро бо иқтидори 5 ҳазор тонна дар як сол маблағгузорӣ кард. Лоиҳаи сохтмони фабрикая нахбарории муосирро Ҷамъияти саҳомиии пӯшидаи «Олимтекстайл» дар ноҳияи Мастчоҳ амалӣ намуд.

Ҳаҷми умумии маблағгузории ин лоиҳа қариб ба 30 миллион доллари амрикоӣ баробар аст, ки саҳми иштироки Бонки авруосиёии рушд дар ин лоиҳа наздик 23 миллион долларро ташкил медиҳад.

Канат Досмухамедов ҳамзамон бо ин таъкид намуд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкориҳои барои  ҳарду ҷониб судманду самарабахш ҳанӯз зиёд аст. Ӯ ба рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят баҳои баланд дода, омодагии бонкро бобати баррасии  лоиҳаҳое, ки ба ташкили истеҳсолоти орд, макарон ва семент дар қаламрави вилояти Суғд бахшида шудаанд, таъкид намуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба тақвит бахшида шаванд.Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи Бонки Авруосиёии рушд

Хотиррасон мекунем, ки кишварҳое ба мисли  Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон муассисон ва иштирокдорони Бонки авруосиёии рушд мебошанд. Моҳи декабри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои Бонки авруосиёии рушд Канат Досмухамедови 40 сола ба вазифаи муовини Раиси раёсати ин бонк таъин гардид ва ин нахустин сафари ӯ ба Тоҷикистон аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share