Дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Cуғд, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо интихобкунандагон баргузор шуд.
Бояд тазаккур дод, ки раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қоҳир Расулзода аз ҳавзаи интихоботии рақами 63-уми Хистеварз намояндаи халқи Маҷлиси вакилони вилоят интихоб шудааст. Ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон Қоҳир Расулзода доир ба иҷрои вазифаҳои худ ҳамчун намояндаи халқ дар маҷлиси вилоят, инчунин оид ба рушди самтҳои мухталифи ҳаёти ҷамоати деҳот ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва кӯмаку дастгирӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳарф зад. Аз ҷумла, Раиси вилоят зикр намуд, ки соли 2012 дар китоби таърихи халқамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
“Зеро дар заминаи таҷлили 20-солагии Иҷлосияи таърихӣ дар қаламрави вилоят бо талошҳои пайгирона ва иштироки шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудани якчанд иншооти ҷашнӣ, бахусус нақби Шаҳристон ба амалӣ гаштани ҳадафи стратегии давлат - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуд. Дар ин сол мардуми вилоят дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории худ қадами устувор ва эътимодбахш гузошта, ба баҳои баланди Сарвари давлат сазовор гардиданд, ки боиси ифтихори ҳамагон, аз ҷумла мардуми сарбаланд ва банангу номуси Хистеварз аст”, - изҳор дошт Раиси вилоят. Сипас ӯ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба татбиқи «Барномаи рушди ҷамоат барои солҳои 2010-2015» ҷалб намуд, ки он дар беҳдошти кулли соҳаи хоҷагии халқи минтақа заминаи воқеӣ хоҳад гузошт.
Раиси ҷамоати Хистеварз Абдуҷамил Оғлуқов оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии маҳалла ахбороти муфассал пешниҳод намуда, зикр дошт, ки алҳол аҳолии ҷамоати деҳот зиёда аз 54 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бино ба гуфтаи ӯ масъалаи тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, таъминот бо оби нўшокӣ, ҳамчунин паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ, аз ҷумлаи мушкилоти асосии маҳал ба ҳисоб меравад ва мусоидати Раиси Маҷлиси вакилони халқ, Раиси вилоят Қоҳир Расулзодаро дар ҳалли ин масъалаҳо дархост намуд. Дар мулоқот ҳамчунин масъулони соҳаи маориф, тандурустӣ, раисони як катор хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар интихобкунандагон ибрози назар карданд.
Раиси вилоят зикр намуд, ки муаммоҳои ҷойдошта бо ҷалби сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин ҷалби манбаъҳои дигар, аз ҷумла соҳибкорӣ марҳила ба марҳила роҳи ҳали худро меёбад.
Қоҳир Расулзода таваҷҷўҳи ҳозиринро ҳамчунин ба ҷоннок кардани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни ҷавонон, бедор кардани ҳисси ватандўстиву ободкорӣ дар онҳо, пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҷалб намуд. Раиси вилоят тақозо кард, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва мунтазам ба ҷо овардани корҳои хайру сахо нисбати чунин ашхос таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад.
Мулоқоти интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии рақами 63-уми Хистеварз бо намояндаи халқ дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар фазои ошкорову самимӣ баргузор шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд