Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Ба дашти Сомғор об омад. Ободкорӣ оғоз мешавад

( 1 Овоз )

Ба дашти Сомғор об омад. Ободкорӣ оғоз мешавад

Видео : Ба дашти Сомғор об омад. Ободкорӣ оғоз мешавад Таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз ҳадафҳои марказии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин замина тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як қатор  иқдомҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, азхудкунии заминҳои бекорхобида омили асосии таъмини аҳолӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ бо мақсади муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани раванди  муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ мегардад.

Дар партави ҳадафҳои ояндасози Сарвари давлат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят азхудкунии заминҳои бекорхобидаи дашти Сомғор оғоз гардида буд.

Дар ин мавзеъ зиёда аз 12 ҳазор гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда мавҷуд аст. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят обод кардани ин мавзеъро яке аз ҳадафҳои асосӣ қарор дода, барои обшор  намудани заминҳои ташналаб корҳои наззарасро ба анҷом мерасонад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои омодагӣ барои баровардани об ба дашти Сомғор вазъи   пойгоҳҳои обкашии ин мавзеъро мавриди назар қарор дод.

Ҷоиз ба зикр аст, ки лоиҳаи азнавсозии иншооти обрасонӣ аз ҷониби  филиали суғдии «Тоҷикгидровотхоз» омода шуда, дар инҷо насби таҷхизоти замонавии обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар  ҳолати  обшор гаштани  ин мавзеъ имкони бунёди  шаҳраки наву замонавӣ дар масоҳати зиёда аз 2 ҳазор гектар барои 200 ҳазор нафар аҳолӣ ба вуҷуд меояд.  Шаҳраки нав  дорои тамоми  инфрасохтори замони муосир хоҳад шуд ва дар он биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу беморхона, майдончаҳои варзишӣ, кудакистон ва марказҳои дигари  хизматрасонию иҷтимоӣ қомат хоҳад афрохт.

Зимни сӯҳбат бо мутахассисон Раиси вилоят таъкид дошт, ки тибқи нақша  дар ин мавзеъ  ба 40 ҳазор  оила қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин сохтмони мактаб, боғчаи бачагона, беморхона ва марказҳои гуногуни  хизматрасонию тиҷоратӣ, коргоҳҳои  гуногуни истеҳсолӣ ва ғайра  дар назар дошта шудааст.

Ҳамин тариқ Раиси вилоят зимни шиносоӣ аз иҷрои корҳои ба анҷом расида дар пойгоҳи обкашии тозабунёд изҳори қаноатмандӣ намуд ва барои бо сифат анҷом додани корҳои технологӣ дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин Раиси вилоят дастур дод ки корҳои ободонӣ дар гирду атрофи пойгоҳи обкашӣ ба роҳ монда шуда, он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шавад. Дастур дода шуд, ки барои кормандони пойгоҳи обкашӣ аз ҳисоби заминҳои нав 5 гектар замин барои бунёди боғ ҷудо карда шуда, ҳамчун қитъаи ёрирасон тақсим карда шавад. Ин иқдоми роҳбари вилоят аз ҷониби кормандон хуш пазируфта шуд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи аввал бо ба истифода дода шудани пойгоҳи обкашии мазкур 3 гектар замин бо оби полезӣ таъмин карда хоҳад шуд.

Раиси вилоят зимни сафари корӣ инчунин бо тарҳи боғҳои нави бунёдшаванда шинос шуд. Таъкид гардид, ки дар боғоти бунёдшаванда усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, дар он дарахтони сиёҳолу, зардолу шафтолу ва бодом парвариш карда мешаванд. Бо ба итмом расонидани бунёди хатҳои обрасонӣ дар назар аст, ки ба мавзеи мазкур соҳибкорон ва хоҳишмандон даъват карда шуда, мувофиқи дархосташон барои бунёди боғ на кам аз 5 гектарӣ замин тақсим карда шавад. Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки тартиби гирифтани заминро барои бунёди боғи интенсивӣ дар муҳлатҳои кутоҳ муайян намоянд.

Дар ин рӯз марҳилаи аввалини супориши Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи азхудкунии дашти Сомғор ба иҷро расид. Ба баландии зиёда аз 118  метр тавассути қубурҳои қутраш 720 мм. ба дарозии 4 700 метр об бароварда шуд ва ҳамин тавр нахустин маротиба ба дашти Сомғор об омад ва ба корҳои бунёдкорӣ асос гузошта шуд. Оббарории озмоишии навбати аввал собит сохт, ки обёрии дашти Сомғор амалишаванда аст. Ба баландии 118 метр алҳол 1 куб об бароварда шуд ки он дар навбати аввал барои обёрии 1000 гектар боғ басанда аст. Алҳол хобондани 3.5 километр қубури обгузар барои таъминоти оби шаҳраки бунёдшаванда ва 2.5 километр қубур барои обёрии боғҳои навбунёдшаванда бо суръат идома дорад. Ин кор низ дар рузҳои наздик ба анҷом расонида мешавад ва интизор меравад, ки Сомғор ба як мавзеи ободу хуррам табдил дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ба дашти Сомғор об омад. Ободкорӣ оғоз мешавадБа дашти Сомғор об омад. Ободкорӣ оғоз мешавад

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба дашти Сомғор об омад. Ободкорӣ оғоз мешавад