Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдо

( 0 Овоз )

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдо

Видео : Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқароркунии марказҳои савдои аз сӯхтор зарардида ба ин мавзеъ ташриф овард.

Зимни шиносоӣ таъкид шуд, ки дар сохтмони нуқтаҳои савдо  то имрӯз пойдевори асосӣ бардошта шуда, корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъморӣ идома доранд. Раиси вилоят зимни боздид ба роҳбарони марказҳои савдо ва шахсони масъул супориш дод, ки корҳои сохтмонӣ ҷоннок карда шуда, барои минбаъд пешгирӣ намудани ҳолатҳои нохуш сохтмон бояд ба талаботи зиддисӯхторӣ ҷавобгӯ бошад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дӯконҳои шафати муҷассамаи шаҳидон, ки ба риояи талабот халал ворид месозанд, бардошта шавад.

Раиси вилоят ҳамзамон дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ дар вақти муайяншуда ба итмом расонида шуда, соҳибкороне, ки мағозаҳояшон дар сӯхтор талаф ёфтааст, бо ҷойҳои нав таъмин карда шаванд.

Лозим ба ёдоврист,ки баробари фаъолияти дубораи марказҳои савдо наздик 200 нафар соҳибкорон ҷойи кории худро барқарор хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдоШиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдо

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдо