Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Анҷоми машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ

( 0 Овоз )

Анҷоми машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ

Видео : Анҷоми машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ Аз 9-ум то 11-уми декабр дар ҳудуди гарнизони Суғд маҷмуи машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.

Ин машқҳои ҳарбӣ бо ҷалби раисони шаҳру навоҳӣ, комиссарони ҳарбӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва роҳбарони ҳолатҳои фавқуллодаи  ин минтақаҳо, масъулини Раёсату шӯъба ва ташкилотҳои вилоятӣ ва ҳамаи шахсони марбутаи соҳа ҷараён гирифт.

Дирӯз давраи ниҳоии ҷамъаомади мудофиавӣ дар машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони Суғд баргузор гашта, нахуст тариқи назариявӣ вазифаҳои мушаххаси ҳар нафар шарҳ дода шуд. Ҳамзамон ба ҳозирин техникаву аслиҳаҳои гуногуни ҷангӣ намоиш ва шарҳ дода шуда, тарзи дурусти  истифодаи он пешкаши ҳозирин гардид.

Дар рафти машқҳои омузишӣ ба ҳамаи иштирокчиёни он нозукиҳои ҳарбу зарб, истифодаи дуруст ва самарноки яроқу аслиҳаҳои гуногуни ҳарбӣ пешкаш гардида, ҳозирин бевосита донишҳои азбарнамудаи хешро дар амал татбиқ намуданд.

Ҷараёни баргузории машқҳои муштаркаи ситоди фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо қарор гирифт. Онҳо худ бевосита бо шароити омӯзиши шахсони масъул шинос гардида, ба рафти баргузории ин машқҳо баҳои баланд доданд.

Дар маросими ҷамъбасти машқҳои муштаркаи ситоди фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ Шералӣ Мирзо сухан карда аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Зикр ёфт, ки қувваҳои мусаллаҳ таъминкунандаи амнияти ҳар як халқу давлат ба ҳисоб рафта, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ зиракии сиёсӣ ва омодабошии баланди ҷангиро талаб мекунад. Ҳамзамон дар фазои тантанавӣ як қатор шаҳрвандони дар эҳтиёт буда бо рутбаҳои нахустин ва навбатии баланди ҳарбӣ, медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин аз ҷониби Раиси вилоят ба гурӯҳи калони иштирокчиёни фаъоли машқҳои муштарак тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Анҷоми машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ