Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти СуғдИмрӯз таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи бистуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати чорум баргузор гашт. Дар ҷараёни иҷлосия се масъала мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарор гирифт.

Дар кори иҷлосияи бистуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати чорум вакилон, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, идораю кумитаҳо ва ғайраҳо иштирок намуданд. Рӯзномаи кори иҷлосия а се масъала – интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, оид ба ташкили комиссияи вилоятии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ва дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум иборат буд.

Доир ба масъалаҳои баррасишаванда аз ҷониби вакилони халқи вилоят қарорҳои дахлдор қабул гардид. Аз ҷумла барои татбиқи амалии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми декабри соли равон дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бояд тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин вакилони халқи вилоят ҳайати  Комиссияи вилоятии интихоботро тасдиқ намуданд, ки аз 11 нафар иборат мебошад.

Дар вилояти Суғд як миллиону сесаду сивупанҷ ҳазор нафар интихобкунандагон зиндагонӣ доранд ва меъёри ташкили ҳавзаи ҳудудии интихобот нуздаҳ ҳазору ҳафтоду ду нафарро дар бар мегирад. Бодарназардошти меъёри интихобкунандагон аз тарафи вакилони халқи вилоят барои ташкили 70 ҳавзаи ҳудудии интихобот барои гузаронидани интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дар интиҳо Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳори боварӣ намуд, ки интихоботи даъвати нави Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва озоду шаффоф баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти СуғдИҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти СуғдИҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд