Хабарҳо
Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 25.01.2021 15:39
Ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан - 25.01.2021 15:37
Пирӯзии ду дастаи вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ - 25.01.2021 15:34
Ба Шӯроб хати оби тозаи нӯшокӣ кашида шуд - 25.01.2021 09:22
Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода - 22.01.2021 16:24
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 13:50
Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - 22.01.2021 12:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 12:47
"Худомӯзи саводи расонаӣ" — шакли электронии ин китоби омӯзишӣ дастраси хонандагон гардид - 22.01.2021 12:38
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҳуққуқи инсон

( 1 Овоз )

 

Ҳамдиёрони азиз!    
Ҳар сол аҳли башар санаи 10-декабрро чун Рӯзи ҳуқуқи инсон мутантан қайд менамоянд. Таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба як ҷашни шинохти қонун ва муқаддасии умри инсон табдил ёфтаву сол аз сол ҳусну таровати хоса гирифта, ба иди умумихалқӣ табдил меёбад.
Эътирофи ҳуқуқи инсон асоси ғоявии тамаддуни мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, ҳанӯз дар китоби муқаддаси Авасто, замони давлатдории Куруши Кабир ва рӯзгори ориёну ворисони онҳо доир ба мақоми инсон, эътирофи ҳуқуқ ва ҷаҳони ботинию зоҳирии ӯ маълумот ва дастуру амри воқеӣ рӯи кор омадааст.
Дар замони мо аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид  ба тасвиб расидани Эъломияи ҳуқуқи башар,    Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва дигар санадҳои муҳими ҳуқуқии байналхалқӣ дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон заминаи устуворро муҳайё намуд ва Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ин санадҳои муҳими байналхалқиро эътироф намуда, баҳри татбиқи онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади муайянкунандаи тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа  дар худ вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандон, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, муносибатҳои муштараки зинаҳои ҳокимият, ташкили фаъолият ва ҳудуди ваколатҳои мақомоти олии ҳокимият, асосҳои ташкили идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, низоми ҳокимияти судӣ, самтҳои асосии сиёсати хориҷии ҷумҳуриро муайян менамояд, ки маҳаки асосии амали онро эътирофи ҳуқуқи инсон дарбар мегирад.
Ба туфайли сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини рушди бомароми иқтисодӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва болоравии вазъи иҷтимоӣ дар кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвари мо дар баробари эътирофи ҳуқуқи инсон ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма, таъмини иҷтимоии ҷомеа, ҳаёти осоиштаву ором ва саршор аз нозу неъматҳои табиӣ корҳои назаррас ба анҷом расидааст, ки эътиқоди мардумро ба фардои босаодат ва эҳтирому қадри якдигар дучанд менамояд.
Сокинони вилоятро бо фарорасии Рӯзи ҳуқуқи инсон табрику таҳният гуфта, барояшон ҳаёти осудаву ором, адолати қонун ва рӯзгори пурсаодатро таманно дорам.



 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҳуққуқи инсон