Хабарҳо
Истаравшан. Дар намоиш-фурӯши китобҳо беш аз панҷ ҳазор нусха китобҳои гуногун пешниҳоди сокинон шуд - 19.01.2021 14:34
Конибодом. Дар Канали калони Фарғона корҳои тозакунӣ ҷараён дорад - 19.01.2021 14:24
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир менамоянд - 19.01.2021 14:21
Дар шикоргоҳи Конибодом барои ҳифзи парандагон қариб 1,5 тонна дон пошида шуд - 19.01.2021 10:13
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд қабули донишҷӯёнро аз рӯйи 9 ихтисоси нав ба роҳ монд - 19.01.2021 09:54
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 1 млрд. 667,6 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд - 19.01.2021 09:51
Соли 2020 барои омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 4,2 млн. сомонӣ ҷудо гардид - 19.01.2021 09:41
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд - 15.01.2021 16:20
Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2020 - 15.01.2021 16:19
Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад - 15.01.2021 10:56

Сафари Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Зафаробод

( 1 Овоз )

Видео ::Сафари Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Зафаробод

Бо мақсади ошноӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва омодагии онҳо ба мавсими нави обрасонӣ  Раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ дошт. Дар ин сафар Раиси вилоятро муовинони ӯ, сардорони шӯъбаи МИҲД-и вилоят, роҳбарони сохторҳои марбута ва роҳбари Раёсати хоҷагии оби вилоят ва дигар шахсон ҳамроҳӣ намуданд.
Сараввал Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз пойгоҳи обкашии №1 дидан карда, бо рафти таъмир ва омодагии агрегати насосҳо дар пойгоҳ шинос шуд. Ёдовар мешавем, ки ба заминҳои ноҳияи Зафаробод пурра бо насосҳо об дода мешаванд. Имрӯз дар ноҳия 16 пойгоҳ амал мекунад. ПОМ-1-уми Мирзочӯли тоҷик аввали солҳои 60-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, он аз дарёи Сир бо шаш насос об мекашад ва 36000 гектар замини корами ноҳияи Зафарободро обшор менамояд.

Баъдан Қоҳир Расулзода ба пойгоҳҳои обкашии №2 ва "Қизилӣ" ташриф оварда, бо вазъи насосҳои обкаши пойгоҳ ва омодагии онҳо ба мавсим шинос шуд. Ин пойгоҳҳо ҳам 50 сол инҷониб фаъолият доранд. ПОМ-2 дорои чор муҳаррик, тавониаш 8000 кВт буда, бо қубурҳои қутри 2020 мм об кашида, 24 ҳазор гектар заминро бо он таъмин мекунад. Алҳол дар ин ҷо 10 нафар ба таъмири муҳаррикҳо машғуланд. Пойгоҳи "Қизилӣ" бошад бо се муҳаррики обкашӣ бо дарозии 850 метр барои обёрии 27 ҳазор гектар замини ноҳияҳои Зафаробод, Ғончӣ ва Истаравшан кор мекунад. Раиси вилоят аз роҳбари идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия оид ба муаммоҳои ҷойдошта ва шароити коргарон пурсон шуда, барои ҳаллаш дастуру супоришҳо дод.

 

Ҳамзамон Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз Маркази таъмири муҳаррики пойгоҳҳои ноҳия дидан намуд. Ин марказ ҳам зиёда аз 50 сол инҷониб фаъолият дошта, таъмири ҷории муҳаррикҳо дар ин ҷо гузаронда мешаванд. Алҳол дар марказ 4 нафар усто ба таъмири муҳаррикҳо машғуланд. Қисмҳои эҳтиётии муҳаррик аз кишварҳои хориҷа - Украинаву Русия дастрас мешаванд. Раиси вилоят барои ташкили шароити мусоиди корӣ ва ҳавасмандии коргарон ба масъулин супориш дод.
Баъди шиносоӣ бо вазъи пойгоҳҳо дар толори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия машварати кории Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ташкилоту сохторҳои вилоятӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ассотсиатсияҳо, идораи хоҷагии об, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва раисони шаҳру навоҳии Истаравшан, Ғончӣ, Ҷаббор Расулову Спитамен доир намуд.
Дар машварат ду масъала: вазъи соҳаи кишварзии вилоят ва омодагии пойгоҳҳои обрасонӣ ба мавсим ва пардохти ҳаққи оби истифодашуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар оғози машварат изҳор кард, ки бори аввал дар вилоят дар оғози фасли зимистон дар машварат доир ба омодагии пойгоҳҳо баррасӣ мешавад. Зеро имсол аз бемасъулиятии мутасаддиёни соҳа пойгоҳҳои обкашӣ кишоварзонро дар вақти зарурӣ бо оби полезӣ таъмин карда натавонистанд. Ин боис шуд, ки ноҳия нақшаи иҷрои пахтаро таъмин карда натавонист. Ва 2 ҳазор гектар замини ноҳия кишт нашуда монд.
Сипас, раиси ноҳия Б.Ҳомидов доир ба ин вазъияти ба амаломада гузориш дод. Аз ҷумла ӯ гуфт, ки соли равон бо дастгирии Раиси вилоят барои ба мавсим омода намудани пойгоҳҳо 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Инчунин то ин дам 1800 метр қубур иваз карда шуд. Ният дорем, соли оянда 400 метри боқимондаро иваз намоем, ки ин боз ба беҳтар намудани таъминоти об мусоидат мекунад. Ба ғайр аз ин имсол 21 адад чоҳи амудӣ кофта, боз 13 адад соли оянда ба истифода дода хоҳанд шуд. Бо вуҷуди андешидани чораҳо дар вақти зарурӣ баъзе муҳаррикҳо аз кор баромад, хоҷагиҳо натавонистанд дар вақташ бо об таъмин гарданд.
Ҳамчунин, сардори идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия Қудратулло Давлатов гуфт, ки қарзи хоҷагиҳо аз 1 январи соли 2008 то ин дам ба 30 млн. сомонӣ расидааст. Аз ин ҳисоб қарзи идораи об аз идораи барқ 48 млн. сомонӣ ва аз коргарон 400 ҳазор сомонӣ мебошад. Имсол хоҷагиҳо ҳамагӣ 30-40 фоиз ҳаққи оби истифоданамударо пардохт кардаанду халос.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки вазъиятро комиссияи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор додааст ва он хулосаи худро пешниҳод мекунад. Ба ин вазъият, пеш аз ҳама, худамон- масъулини соҳа гунаҳкор, зеро дар вақташ муҳаррикҳоро хушсифат аз таъмир набаровардем. Бинобар ин минбаъд чунин ҳолат рӯй надиҳад, бояд роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ассотсиатсияҳо ва раисони ноҳияҳои Истравшану Ғончӣ, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ҳарчӣ зудтар қарзи обро пардохт намоянд ва ба барои харидани қисмҳои эҳтиётӣ ва ҳавасмандии коргарон ба муовини Раиси вилоят Ҷ.Норинов ва Сарраёсати молияи вилоят А.Мирзоев дастур дод, ки аз буҷаи вилоят 300 ҳазор сомонӣ ҷудо намоянд. Ва пойгоҳҳои обкашии ноҳия то 15 марти соли 2013 бояд пурра ба кор омода шаванд.
Ҳамчунин, Раиси вилоят оид ба иҷро нагаштани киштҳои тирамоҳиву сабзавоти барвақтӣ, шудгори тирамоҳӣ изҳори нигаронӣ карда, раиси ноҳия ва шахсони масъулро вазифадор кард, ки ҳарчӣ зудтар онро ба анҷом расонанд ва заминҳои обиро пурра истифода намоянд. Раисони шаҳру навоҳиро доир ба омодагии муассисаву ташкилотҳо ба зимистон, кӯмак ба оилаҳои камбизоат, таъмири роҳҳо ва муташккилона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Зафаробод