Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар шаҳри Истиқлол бо сокинони ин шаҳри саноатӣ мулоқот орост. Нахуст Қоҳир Расулзода дар ифтитоҳи муҷассамаи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи шаҳр иштирок намуд.
Раиси вилоят инчунин бо фаъолияти сехи дӯзандагии КВД « Завод Заря Востока» аз наздик ошно шуд.Сипас дар кохи фарҳанги шаҳр Рӯзи қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси вилоят Қоҳир Расулзода доир гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони шӯъбаю сохторҳои вилоятӣ, раёсатҳо ва идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.
Дар ин чорабинӣ 29 нафар сокинони шаҳр доир ба масъалаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоии шаҳр, рӯзгорашон саволу дархостҳо намуда, таклифу пешниҳодҳо баён доштанд.
Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд