Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд - 15.01.2021 16:20
Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2020 - 15.01.2021 16:19
Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад - 15.01.2021 10:56
Дар ноҳияи Ашт 225,7 гектар боғоти нав бунёд карда шуд - 15.01.2021 10:23
Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд - 15.01.2021 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 14.01.2021 16:30
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 14.01.2021 15:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен - 14.01.2021 15:28
Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд - 14.01.2021 11:57
Суғд: Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик 6 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуд - 14.01.2021 13:14

Ташрифи меҳмонони бошқирд ба вилояти Суғд

( 1 Овоз )

Дируз намояндагони Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия бо сарварии муовини Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон Иршод Тоҷидинов  ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Меҳмононро шоми 29-уми ноябр дар  фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов, сарвари кулли ширкати бисёрсоҳавии илмю-техникии масъулияташ маҳдуди «Нур» Нурулло Усмонов ва дигар масъулин истиқбол гирифтанд.

Сипас субҳи 30-уми ноябр боздиди  меҳмонон дар вилоят аз ошноӣ бо  фаъолияти   Ҷамъияти саҳҳомии «Қолинҳои Қайроққум»  оғоз ёфт.
Дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» алҳол истеҳсоли  маҳсулоти пашмин, нимпашмин, рӯйпӯшҳои рӯифаршии қолинии тафтингии суфта ва барҷаста, матоъҳои техникӣ аз нахҳои полипропиленӣ, рӯйпӯшҳои наматии сӯзанзадаи пашмин ва дигар маҳсулот ба роҳ монда шудаанд.
Нақшу нигор ва рангубори  қолинҳои истеҳсолшавандаи коргоҳ таҷассумгари табиати зебоманзар ва нотакрори Тоҷикистон  мебошад.         
Қолинбофони Қайроққум идомабахши анъанаҳои миллии қадима буда, зиёда аз ним аср боз бо истеҳсоли қолинҳои  хушсифат бадошт  машғуланд. Дар қолинҳо анъанаҳои қадимаю ҳозираи халқи тоҷик акс ёфта, асрори устодони машҳури асри миёна нигоҳ дошта шудааст, ки он аз насл ба насл гузашта, то ба имрӯз омадааст.
Имрӯз қолинҳои баландсифат дар дастгоҳҳои муосири хориҷӣ, аз ҷумла истеҳсоли Олмон, Италия, Ҷопон, Фаронса, Полша, Федератсияи Русия бофта мешаванд.
Дар доираи нақша- чорабиниҳо ва барномаи азнавмусаллаҳшавии техникӣ, инчунин бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва беҳтар кардани сифати он дар оғози сол, бо ҷалби сармояи хориҷӣ,  ба истеҳсолот дастгоҳҳои нави ҳозиразамон, аз ҷумла дастгоҳи бофандагии ALFA-360 (истеҳсоли Олмон), хатти пардоздиҳии «Анмак» ва дастгоҳи тортании «Мир-Макина» ( истеҳсоли Туркия) насб  карда шуданд, ки ба рушди истеҳсолот мусоидат хоҳад кард.
Сипас меҳмонон аз  фаъолияти корхонаи муштараки «САТН»-и шаҳри Хуҷанд дидан карданд.
Ҳамчунин меҳмонон бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушод «Нуртекс» шинос шуданд. ҶСК  «Нуртекс» аз соли 2002 инҷониб фаъолият дорад. Дар ин  корхона асосан маҳсулоти хокаи хушки сохтмонӣ, профил барои гипскардон, гаҷи сохтмонӣ истеҳсол шуда, сехи коркарди пахта, сехи ватини пахтагин, дока ва дигар истеҳсолоти хурд фаъолият мебаранд. Маҳсулоти ин корхона асосан  дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Истеҳсоли гипскардон дар  як шабонарӯз 500 то 600 дона аст. Иқтидори сехи гаҷбарорӣ бошад зиёда аз 12 тонна буда, корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст ва таҷҳизоташ асосан аз мамлакатҳои ҳориҷа, бахусус, Руссия, Хитой ва як қисмаш аз Туркия оварда шудааст. Мақсади ташрифи меҳмонон ба ҶСК  «Нуртекс» ҳамкорӣ кардан бо ин ширкат аст. Ҳамчунин роҳбарияти коргоҳ ният дорад дар ояндаи наздик дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд як корхона сохта ба истифода диҳанд.
Баъди нисфирӯзӣ меҳмонон ба Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ташриф оварданд. Меҳмононро роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии Суғд  Анвар  Ёқубов хайрамақдам гуфта, мухтасар аз фаъолияти МОИ маълумот дода. Афзуд, ки  тӯли се сол бо мақсади рушди соҳаи иқтисодиёт  ин минтақа фаъолият мекунад. То имрӯз 18 корхонаи саноатӣ ташкил ёфта, аз он 7-тояш пурра фаъолият менамояд ва тибқи низомнома бояд давоми 3 сол дигар корхонаҳо низ ба кор оғоз намоянд.
Дар давоми фаъолияти МОИ ягона корхонаи саноатӣ- КМ «Стар-пласт» фаъолияти пурсамар дорад, ки профилҳои пластикӣ, қубуру зарфҳо ва қуттиҳои пластикӣ истеҳсол мекунад.
Минтақаи озоди иқтисодӣ лоиҳаи якчанд инфрасохторро барои рушди корхонаҳои саноатӣ пешниҳод намуд. Бино ба андешаи манбаъ,  бидуни муҳайё кардани шароити зарурӣ ба истеҳсолкунандагони ватаниву хориҷӣ барои содироту воридоти маҳсулот  ва дохил шудан ба бозори савдои ҷаҳонӣ мушкил аст.
Имрӯз  Минтақаи озоди иқтисодӣ бо намояндагони ташкилоту ширкатҳои ватаниву хориҷӣ зиёда аз 1500 вохӯрӣ доир намуд. Соли равон бошад, 40 ҳайати расмӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба ин минтақа омаданд, -гуфт Анвар Ёқубов.
Баъд аз вохурӣ меҳмон аз  корхонаҳои  «Равзана пластик», КМ «Стар-пласт», «Силкоат бойя» ошно гардиданд. Директори  ҶММ «Равзана пластик» Башир Неъматов гуфт, ки дар Тоҷикистон имрӯз зиёда аз 180 ширкати хурду миёна ҳаст, ки бо сохтани дару тиреза машғуланд.
Алҳол 3 хатти истеҳсолӣ насб  шуд ва дар оянда нақша дорем миқдори онҳоро афзуда, ҷойҳои нави кориро зиёд кунем. Ҳоло дар миқёси вилоят  зиёда аз 30 корхонаи тирезасоз харидори маҳсулот мебошад. Инчунин оид ба харидани маҳсулот бо ду ширкати калони давлати Афғонистон шартнома баста шуд. Мо кӯшиш дорем, дар оянда маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Афғонистон ва Қирғизистон содир намоем.
Ҳамчунин бо институти илмӣӣ-тадққиқотии кимиёи Санкт- Петербург  ҳамкорӣ дорем. Дар он ҷо барои мо формулаи маҳсули хамирӣ -профилҳоро тартиб доданд, ки он бо назардошти хусусиятҳои иқлими Тоҷикистон мураттаб шудааст. Профилҳо  ба нури офтоби баланд тобовар буда, ба стандарти ҷаҳон ҷавобгӯ  ва бо маҳсулоти дигар давлатҳо рақобатпазир мебошад. Мӯҳлати кафолати маҳсулот 25 сол аст. Барои истеҳсоли 7 намуд адивид маҳсулоти таркибиро истифода мебарем, ки аз ширкатҳои якчанд давлатҳо, аз ҷумла Туркия, Германия, ИМА  ва Хитой ворид мешавад. Яке аз ашёҳои асосӣ-калсий дар заводи шаҳри Исфара истеҳсол мешавад, -гуфт Башир Неъматов.
Меҳмонон дар доираи сафар, ҳамчунин аз  мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Кохи матбуот», маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Муассисаи давлатии «Ҳавзи шиноварӣ» дидан карданд.
Баъд аз нисфирӯзии 1-уми декабр меҳмонон аз муассисаи  давлатии «Қасри маданияти Арбоб» ва чойхонаи миллӣ дидан намуданд.
Ҳамчунин намояндагони Ҷумҳурии Бошқирдистон, ва муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қаюмов, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва дигар масъулин аз бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят ва маҷмааи масҷиди шайх Мауслиҳадин дидан намуданд.
Дар идомаи сафар меҳмонон аз Осорхонаи вилоятии таърихию кишваршиносӣ шинос гардиданд. Корманди осорхона  Иноятхон Мирзоева аз таърихи пайдоиш ва ёдгориҳои нодир маълумот дод.

 


Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ташрифи меҳмонони бошқирд ба вилояти Суғд