Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Маросими супоридани Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров

( 1 Овоз )

Маросими супоридани Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон ҒафуровИмрӯз пас аз Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилоят маросими супурдани Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров доир шуд.

Бояд гуфт, ки ин ҷоизаҳои бонуфуз дар ду сол як маротиба  ба намояндагони илму адабиёт, ки дар рушди ин соҳаҳо саҳми арзанда гузоштаанд, супорида мешавад. Тули 18 сол бо ин мукофот 71 нафар аҳли илму адабиёт сарфароз гардидаанд.

Имсол бошад, аз 20 нафар довталаб 7 нафар тибқи хулосаи Комиссияи босалоҳият ва бо Қарори Раиси вилоят ба ин ҷоизаҳо лоиқ дониста шудаанд.

Роҳбари вилоят Абдураҳмон Қодирӣ гирандагони ҷоизаҳоро ба ин муносибат таҳният гуфт ва изҳор намуд, ки ин нишони қадршиносии давлату Ҳукумат ба аҳли зиё мебошад. Ҳамин тариқ дар риштаи адабиёт, санъат ва меъморӣ шоир - Нуралӣ Нурзод барои китоби «Такрори таронаи борон», Сайрам Исоева ва Умар Алиев – ҳунарпешаҳо барои хидматҳояшон дар рушди санъати театрӣ ва Абдураҳим Ҷабборов барои силсилаи осори тасвирӣ ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дар бахши илм Туғрал Шокиров -доктори илмҳои суханшиносӣ барои китоби «Фарҳанги тоҷикӣ - русии истилоҳоти ҳуқуқ», Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода – номзади илмҳои суханшиносӣ барои рисолаи «Об - асли мавҷудият» ва Ҳотам Муртазоев – номзади илмхои физикаву математика барои китоби «Радиационно-экологические особенности природных сред северного Таджикистана» ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров шарафёб шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маросими супоридани Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров