Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Баргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят

( 0 Овоз )

Баргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят

Видео : Баргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят Имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чорум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакил 59 нафар ширкат варзиданд.

Пас аз интихоби ҳайати котибот вакилон рӯзномаи иҷлосияро аз руи 8 масъала тасдиқ карданд. Аз рӯи масъалаи аввал рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, №439 «Дар бораи таҷлили 20 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» Муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки мардуми кишвар дар арафаи таҷлили ҷашни бузург – 20 солагии Сарқонуни мамлакат қарор доранд ва ин рӯзи таърихиро бо меҳнати софдилонаю дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ пешвоз мегиранд. Барои таҷлили солгарди навбатии Сарқонун дар заминаи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ қарорҳои Раиси вилоят ва раисони шаҳру навоҳӣ ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳо дар 12 банд тартиб дода шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашн як қатор корҳои ободониву созандагӣ, чорабиниҳои фарҳангиву омузишӣ ва сохтмони иншооти гуногунсоҳа амалӣ карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва меҳнаткашони вилоят низ фаъолияти хешро соли равон барои амалӣ намудани се ҳадафи асосӣ - гузаронидани ислоҳоти замин ва соҳиби замин кардани ҳар оила, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ равона сохтанд. Давоми 8 моҳ аз 2991 хоҷагии таҷдидишаванда 2817 адади он мавриди таҷдид қарор гирифта, дар натиҷа беш аз 32 ҳазор хоҷагиҳои хурди оилавию инфиродӣ ташкил ёфтаанд ва 2900 муҳоҷири меҳнатӣ баргашта, бо замин сарукор гирифтаанд. Ҷиҳати иҷрои супориши Президенти мамлакат оиди таъмини шаҳрвандон бо замини наздиҳавлигӣ мавзеъҳои Моҳпарии шаҳри Исфара, Суғдиёни Мастчоҳ ва Ҳамрободи Бобоҷон Ғафуров ба шаҳракҳои истиқоматӣ табдил меёбанд ва аз 103 ҳазор эҳтиёҷманди вилоят 77 ҳазор нафар ё худ 75 дарсад бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд. Дар асоси Барномаи роҳҳои обод 2440 километр роҳҳо таъмир шудааст, ки ин ба 103,8 дарсади нақша баробар аст. Аз ин 107,3 километр роҳҳо таъмири асосӣ шудаанд. Дар заминаи иқдоми эҳёи ҳунарҳои анъанавӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази таълимӣ - истеҳсолии «Шероз» таъсис ёфта, дар он 400 нафар бо кор таъмин ва 764 нафар бонувон ба омузиши ҳунари гилембофӣ фаро гирифта шудаанд.  Чунин марказҳои омузишӣ дар шаҳру навоҳӣ низ ташкил ва бо дастгоҳҳо таъмин гардидаанд. Дар натиҷаи меҳнати пурсамари заҳматкашони вилоят дар 8 моҳ қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 105,9 фисад иҷро шуда, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард ва ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 2,5 миллиард сомонӣ расонида шудааст. Аз 160 корхонаи бунёдшаванда то имруз 111 адад бо фарогирии 2232 ҷои нави корӣ ташкил ёфтааст. Таваҷҷӯҳ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг низ зиёд гардида, сохтмону азнавсозии иншооти таълимию табобатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бо маром идома дорад.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур вакилони халқ ширкат варзида, оид ба моҳияти таърихии Сарқонун ва корҳои иҷрошуда дар минтақаҳо андешаҳояшонро баён карданд. Изҳори  умед карда шуд, ки меҳнаткашони вилоят ин ҷашни бузургу таърихиро бо руҳияи баланди созандагӣ истиқбол хоҳанд гирифт.

Дар иҷлосия вакилони халқ ҳамчунин ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илму маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии «Чилгизӣ», №14 Мавзуна Шарофиддиноваро оид ба иҷрои ваколатҳои вакилиаш шуниданд ва доир ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Аз рӯи  масъалаи дигари рӯзномаи иҷлосия оид ба вазъи корбарӣ бо муроҷиати шаҳрвандон муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳисобот дод. Бояд гуфт, ки ба рӯзномаи иҷлосия дохил кардани масъалаи мазкур бесабаб нест, зеро сатҳи баррасии муроҷиати мардум дар зинаҳои поёнии мақомоти маҳаллӣ ҷавобгуи талабот набуда, шаҳрвандон маҷбур мешаванд барои ҳалли муаммоҳояшон ба мақомоти вилоятӣ муроҷиат намоянд. Давоми 8 моҳ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1566 ариза ворид шуда, 930 адад ё худ 59,7 фисади онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Шумораи муроҷиатҳои дастҷамъона низ 27 адад зиёд шуда, ба 257 адад расидааст. Дар ин муддат аз ҷониби Раиси вилоят чӣ дар рӯзи қабул, рузи шанбеи ҳар ҳафта ва чӣ дар маҳалҳо 1514 шаҳрвандон пазируфта шудаанд, ки асосан аз шаҳру навоҳии Хуҷанду Мастчоҳ, Истаравшан, Ғончӣ, Чкалов ва Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Барои ҳалли муроҷиати шаҳрвандон дар маҷмуъ аз буҷети вилоятӣ 11,1 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки аз ин ҳисоб 30 километр роҳҳои вилоят тибқи дархости сокинон пурра мумфарш карда шудаанд.

Роҳбари вилоят раисони шаҳру навоҳӣ ва мутасаддиёни зинаҳои поёниро дастур дод, ки нисбати муроҷиати шаҳрвандон масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Вакилони халқ аз руи масъалаҳои дигар ҳамчунин доир ба қабули буҷети иловагии соли 2014, ворид намудани тағироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва доир ба қарорҳои маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳӣ, оид ба масъалаҳои марзию маъмурӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар Иҷлосия ҳамзамон як қатор қарорҳои Раиси вилоят оид ба таъиноти кадрӣ, моликияти давлатӣ ва маблағгузорӣ аз ҷониби вакилон тасдиқ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоятБаргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоятБаргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят