Хабарҳо
Суғд: Ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид - 15.07.2020 11:16
Ташкили 48 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 650 ҷойи корӣ дар Суғд - 15.07.2020 11:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34

Мастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шуданд

( 0 Овоз )

Мастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шуданд

Видео : Таҷлили иди Наврӯз дар Қасри Арбоб

Имрӯз, 16 сентябр 800 нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ тариқи қуръапартоӣ мавқеи ҷойгиршавии заминҳои наздиҳавлигии худро муайян намуда, соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин шуданд.

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд тақсимоти қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ба тариқи қуръапартоӣ дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиён сурат гирифт.

Абдураҳмон Қодирӣ зимни сӯҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 2700 нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ 330 гектар замин ҷудо шуда буд ва инак имрӯз сокинон тариқи қуръапартоӣ соҳиби замин мешаванд.

Раиси вилоят ба маскуншавандагони ин мавзеъ барои бунёду сохтмони хонаҳои истиқоматии замонавӣ барору комёбиро таманно намуда, пешниҳод намуд, ки шаҳраки бунёдшаванда Меҳробод номгузорӣ карда шавад. Ин пешниҳоди Раиси вилоятро сокинон ба хушӣ истиқбол намуданд.

Сипас Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Палдорак ташриф оварда, бо нашъунамои навъҳои ояндадори пахтаи хоҷагии деҳқонии «Пахтакор» шинос шуд. Тавре дар сӯҳбат бо Раиси вилоят сардори хоҷагӣ Ф. Ҳасанов таъкид намуд, дар хоҷагии мазкур асосан пахта кишт менамоянд ва нашъунамои пахта ҳоло хуб мебошад. Таъкид гардид, ки тухмии кишварҳои хориҷи дур нисбат ба тухмиҳои маҳаллӣ  серҳосил буда, дар бозори ҷаҳонӣ нархи қиматтар доранд. Аз ин рӯ тавсия дода шуд, ки дар солҳои баъдӣ ба афзун намудани майдони кишт аз ҳисоби тухмии кишварҳои хориҷи дур эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии «Пахтакор» бо иштироки кишоварзони ноҳия ва роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта оиди омодагӣ ба маъракаи пахтачинӣ ва фаъолияти корхонаҳо дар мавсими имсола машварати корӣ доир гардид, ки зимни он Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта ва коркарди он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Мастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шудандМастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шудандМастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шудандМастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шудандМастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шудандМастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шудандМастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шудандМастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шуданд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мастчоҳ: 800 нафар соҳиби замин шуданд