Хабарҳо
Политическая сущность Кабири - предательство! - 08.07.2020 00:49
Дoкументальный фильм Измена ВИДЕО - 08.07.2020 00:38
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ​ - 07.07.2020 10:29
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” доир мешавад - 07.07.2020 10:27
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо бояд дучанд меҳнат намоем - 06.07.2020 21:29
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:27
Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” - 06.07.2020 21:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:23
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 06.07.2020 21:21

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони коргоҳи бунёдшавандаи асфалтбарорӣ

( 0 Овоз )

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони коргоҳи бунёдшавандаи асфалтбарорӣДар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷараёни  корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар коргоҳи бунёдшавандаи асфалтбарорӣ ва коркарди регу қум шинос гардид.

Бояд гуфт, ки ин коргоҳ аз ҷониби ҶДММ “Тоҷроуд” бунёд меёбад ва сохтмони он моҳи декабри соли гузашта бо иштироки  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ оғоз ёфта буд. То имрӯз  80 дарсади корҳо ба итмом расонида  шудааст.

Ин корхона дар масоҳати умумии 20 гектар қомат афрохта, дар сурати пурра ба фаъолият шурӯъ намудан 500 нафар  шаҳхрвандон бо ҷои кор таъмин мегарданд. Дар ин мавзеъ тибқи нақша, дар маҷмӯъ 5 коргоҳ, базаи истеҳсоли  коргоҳи  коркарди қуму шағал, корхонаи асфалтбарорӣ ва сехи  истеҳсоли оҳану бетон,   барои  таъмиру  навсозии  роҳҳо сохта мешавад.

Техникаву таҷҳизоти корхона асосан аз ҷумхуриҳои Олмон ва Қореяи Ҷанубӣ  харидорӣ гашта, иқтидори корхона ба истеҳсоли 340 тонна асфалт дар 1 соат баробар аст.

Раиси вилоят зимни боздид ба масъулин оиди анҷоми  босифати  корҳо ва ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани муҳити атроф дастуру супориш дод.  Дар асоси  ҳидоятҳои Раиси вилоят соҳибкор азм дорад, маҳсулоти истеҳсолшаванда, яъне асфалтро нисбатан 30 - 40 дарсад арзон намояд.  Ин тадбир бо мақсади  ба таъмиру навсозӣ фаро гирифтани кучаҳои дохилии маҳаллаву ҷамоатҳо  руи кор омадаст.

Сипас Раиси вилоят сертификати  ҳуқуқи  истифодабарии заминро ба роҳбари ҶДММ  “Тоҷроуд” супорид. Дар навбати худ соҳибкор  зикр дошт, ки то санаи 1 -уми июл корхонаро  ба истифода медиҳад.

Дар идомаи сафари  корӣ Раиси вилоят аз рафти корҳо дар гузаргоҳи  зеризаминии назди бозорҳои “Атуш” ва “Сомон” дидан кард. Дар ин мавзеъ тибқи гузаргоҳ барои шаҳрвандон сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 10 - уми май оғоз ёфта, айни замон  корҳои оҳану бетонрезӣ  дар самти чапи роҳ ҷараён дорад. Дар ин иншоот дар 3 баст 70 нафар бинокор кору фаъолият доранд. Фармоишгари иншоот  соҳибкор Раҳматҷон Каримов ва пудратчи ҶДММ “Бинокор-Бунёдкор” мебошад. Тибқи  лоиҳа дар гузаргоҳи  зеризаминӣ бунёди як қатор нуктаҳои савдо ба нақша гирифта   шудааст.

Раиси  вилоят зимни сӯҳбат бо сохтмончиён таъкид дошт, ки корҳои бинокорӣ бояд босифат анҷом дода шавад. Барои  ин интихоби масолеҳи баландсифат муовофиқи мақсад арзёбӣ гардид. Дар назар аст, ки то санаи 15 - уми август қисмати  аввали сохтмон ба итмом  расонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони коргоҳи бунёдшавандаи асфалтбарорӣШиносоӣ бо ҷараёни сохтмони коргоҳи бунёдшавандаи асфалтбарорӣШиносоӣ бо ҷараёни сохтмони коргоҳи бунёдшавандаи асфалтбарорӣ Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони коргоҳи бунёдшавандаи асфалтбарорӣШиносоӣ бо ҷараёни сохтмони коргоҳи бунёдшавандаи асфалтбарорӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони коргоҳи бунёдшавандаи асфалтбарорӣ